Ид омаду ид омад…

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он таҷлили се иди нав дар кишвар пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иброз доштааст, ки ҳадафи тағйирот ҷашн гирифтани “Иди Сада” ва “Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ” дар рӯзҳои мувофиқ ба нишондиҳандаҳои суннатии ниёгонамон мебошад.

Насриддинзода афзудааст, ки бар асоси тағйирот Иди Сада – 30 январ, Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр ва Рӯзи судҳо – 26 октябр пешбинӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *