Назаров дар Санкт-Петербург дастгир шуд

Шабакаи телевизионии «Пятый канал” видеои лаҳзаи боздошти шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Фарҳод Назаровро нашр кард. Назаров, ки рӯзи 19 октябр дар шаҳри Кингисеппи вилояти Ленинград дастгир шуд, ба таблиғи ДОИШ тавассути «WhatsApp», «Telegram» ва «Zello» айбдор мешавад.

Шабакаи телевизионии «Пятый канал” рӯзи 21 октябр навори фаврии боздошти Фарҳод Назаров аз ҷониби нирӯҳои СОБР (воҳиди махсуси зудамали пулис) дар шаҳри Кингисеппи вилояти Ленинградро нашр кард. Дар ин видео дида мешавад, ки нирӯҳои мусаллаҳи СОБР вориди як манзил мешаванд ва Фарҳод Назаровро аз по афтонда, ба рӯи фарш мехобонанд.

Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки дар яке аз ҳуҷраҳои ин манзил чанд нафар дар рӯи фарш дастҳо дар пушти сар хобидаанд.

Фарҳод Назаров рӯзи 19 октябр аз ҷониби маъмурони Маркази «Э” (мубориза бо ифротгароӣ)-и пулиси Санкт-Петербург дар кӯчаи Строители дар шаҳри Кингисеппи вилояти Ленинград дастгир шуд. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми кофтукоб аз манзили вай адабиёти ифротӣ, пистолети тамғаи ИЖ 79-8 бо тирҳояш, 6 бастаи маводи мухаддири навъи ҳашиш, тарозу, ноутбук, телефонҳои мобил бо сим-кортҳо ва кортҳои бонкӣ ёфт ва мусодира шудааст.

Манобеи амниятӣ мегӯянд, ки Назаров барои таблиғи ДОИШ аз Интернет ва барномаҳои «WhatsApp», «Telegram» ва «Zello» истифода мебурд. Назаров ба он айбдор мешавад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии собиқро ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла барои анҷоми таркишҳо дар Русия ва сафар ба «ҷиҳод” дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ташвиқ мекард.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург шоми 20 октябр ҳукми ҳабси шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Фарҳод Назаровро содир кард. Дафтари матбуоти додгоҳ гуфт, «Назаров то 12 декабр дар ҳабс боқӣ мемонад.” Фарҳод Назаров ба таблиғи созмони тундрави ДОИШ («Давлати исломӣ”) ва ҷалби афрод ба сафи ин созмон айбдор мешавад. Назаров дар Кингисепп дар манзиле дар ошёнаи якум зиндагӣ мекардааст. Ҳамсояҳои ӯ ба шабакаи телевизиониии «Пятый канал” гуфтанд, ки иттиҳоми ба зидди ин муҳоҷири тоҷик эълоншуда барояшон боварнокардист, чунки Фарҳод Назаров як марди орому хушмуомила буд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Фарҳод Назаров ҳамсари рус ва се фарзанди хурдсол дорад.

Рӯзи 19 октябр маъмурони Маркази «Э” ҳамчунин дар хиёбони Шлиссербурги шаҳри Петербург боз як зодаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҷавон ба таблиғоти Фарҳод Назаров алакай фирефта шуда, барои рафтан ба «ҷиҳод” омодагӣ мегирифт. Гуфта мешавад, ки гӯё ӯ розӣ шудааст, барои гузаштани тамрини ҷангӣ дар урдугоҳҳои террористӣ ба сарзаминҳои таҳти назорати ДОИШ биравад.

Исми ин ҷавон ҳанӯз эълон нашудааст, вале модари вай дар сӯҳбат бо хабарнигори «Пятый канал” гуфт, писараш як устои таъмири пойафзол буд ва гуштини тарзи озод машқ мекард. Модари ин ҷавони тоҷик мегӯяд, ба ин ки писараш бо ДОИШ робитае дошта бошад, Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дастикам 1144 шаҳрванди тоҷик дар солҳои охир ба доми мубаллиғони созмонҳои ифротиву террористӣ афтода, ба Сурияву Ироқ ва дигар нуқтаҳои ҷангзада рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 80 дарсади ин мардум ҳангоми муҳоҷираташон дар Русия фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои тундрав шудаанд, бовар намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *