«Умед 88» пули Роғунро хӯрдааст

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 октябр эълон кард, ки ширкати «Умед-88” 171 миллион сомониро моҳи майи соли 2015 аз нирӯгоҳи Роғун барои ҳамагӣ ним сол қарз гирифта буд, вале дигар барнагардонд.

Агентӣ тасдиқ кард, ки ба зидди муассиси «Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев ва директори ин ширкат Идибек Одинаев парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 октябр барои бори аввал бархе ҷузъиёти парвандаи раҳбарони «Умед-88”, яке аз ширкатҳои бузургтарин дар бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ошкор кард.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Агентӣ, дар рафти тафтиши пешакӣ маълум шудааст, ки»баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Роғун» аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК «НБО Роғун» ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Умед-88» ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15.05 соли 2015 ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ «Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сўзишвории дизелӣ ба маблағи 171.000.000 сомонӣ ба муҳлати то 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст.”

Аммо, меафзояд Агентии мубориза бо коррупсия, «Директори ҶДММ «Умед-88» Ибрагимов Идибег Ҷаборович тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ «Умед-88» ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маблағи 74294004,1 сомониро тасарруф намудаанд.”

Агентии мубориза бо коррупсия менависад, тафтишот ҳамчунин маълум кардааст, ки раҳбарони «Умед-88” боз аз бонкҳои дигари Тоҷикистон низ қарзҳои бузург гирифтаанд ва дар ҳоли ҳозир қарзи ин ширкат дар назди «Амонатбонк” ва «Агроинвестбонк” 26 миллион сомонӣ ва 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бино ба ин манбаъ, ба зидди Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Ибрагимов ва шарикони онҳо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — 246 қисми 3 банди «б” (Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда), 264 қисми 2 ( Ғайриқонунӣ гирифтани кредит) ва 295 қисми 2 (Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар

ташкилотҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.Ҷазои ҳадди аксар барои моддаҳои 246 ва 295 дар қонунгузории Тоҷикистон то 3 соли зиндон ва барои моддаи 264 аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Сомонаи «Ахбор» қаблан гузориш дода буд, ки Раҷабалӣ Одинаев, муассиси ширкати «Умед-88» рӯзи 14 октябр, ҳамагӣ соате баъд аз танқиди президент  аз ин ширкат дар мулоқоташ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Як тан аз эшон гуфт: «Раҷабалӣ Одинаев низ ба ин мулоқоти президент бо соҳибкорон даъватномаи расмӣ гирифта буд. Вале қабл аз мулоқот огоҳаш карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст аз «Умед-88” танқид мекунад ва ӯ боздошт хоҳад шуд. Раҷабалӣ Одинаев ба ҳамин далел ба мулоқот наомад, вале ҳамон рӯз дастгираш карданд.”

Раҷабалӣ Одинаев соли 1963 дар деҳаи Дараи Калоти ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Ширкати «Умед-88”-и ӯ дар баробари «Газпромнефт-Тоҷикистон” ва «Фароз” яке аз се ширкати пештоз дар бозори фурӯши бензину солярка ва дигар анвои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Афроди наздик ба ин соҳибкор мӯътақиданд ки ҳадафи таъқиби вай зоҳиран танг кардани «Умед-88” аз бозори пурфоидаи фурӯши маводи сӯхт аст.

Абрҳои сиёҳ болои осмони то кунун беғубори тиҷорати «Умед-88” ва Раҷабалӣ Одинаев рӯзи 14 октябр, вақте ҷамъ шуданд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 14 октябраш бо соҳибкорону сармоядорон бо як лаҳни шадид аз ширкати «Умед-88” интиқод кард ва гуфт, ин ширкат чанд сол боз 170 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар пули давлатро барнагардондааст: «Соҳибкоре ба боварии вазорати молия даромада, ширкати «Умед-88” 170 миллион сомонӣ буҷети давлатро соли сеюм, ҳатто чорум аст, ки барнамегардонад. На фоиз, на маблағи буҷети давлат. А буҷети давлат ин буҷети кӣ аст? Буҷети халқ” Андозсупоранда кӣ аст? Ин халқ аст, мардуми Тоҷикистон аст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар байни суханрониаш вақте дар бораи мушкилоти дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ бори дигар ба масъалаи қарзҳои ширкати «Умед-88” баргашт ва гуфт: «Ин ширкате ки номбар кардем – «Умед-88” чӣ кор кардааст? 170 миллионро бо ҳар роҳу восита аз буҷети давлат аз вазорати молия барои вай кардан гирифтааст бо 18 фоиз. Ана акнун нигоҳ кунед бемасъулиятии кормандони вазорати молияро, ки насанҷидаанд, маълумот нест. 60 миллионашро аз «Тоҷиксодиротбонк” қарздор будааст, онҷо мегузаронад, 25 миллионашро аз «Амонатбонк” қарздор будааст, ба онҷо мегузаронад, мондагиашро обулой мекунад. Дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд.”

Баъди танқиди президент аз «Умед-88” соҳибони аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ки қаблан таҳти бренди «Умед-88” кор мекарданд, бо шитоб исми ин ширкатро аз номи нуқтаҳои худ барчиданд.

Соҳиби яке аз чунин нуқтаҳо гуфт: «Умед-88” як бренд буд ва мо барои ҷалби харидорон аз он истифода мекардем. Вале дар асл соҳиби аксари ин нуқтаҳо «Умед-88” набуд. Ҳоло ҳама мебинанд, ки болои сари ширкати «Умед-88” абрҳои сиёҳ ҷамъ шудаанд ва ҳар кас бо шитоб дар фикри наҷоти тиҷорати худ афтодааст. Кӣ мехоҳад, ки ҳоло болои сарашро Агентии коррупсия ё андозу дигар идораҳо бигиранд?”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *