Иди касбӣ: Милитсия — ҳомии ҷомеа
Ҳамасола 10-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони милитсия ҷашн гирифта мешавад. Воқеан ҳам, мақомоти милитсия дар таъмини тартибот, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок нақши муҳим дорад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар қатори дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти муассир дошта, фаъолияти оперативӣ-хизматии худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мушовараҳо, фармону супоришҳо ва ҷаласаҳои оперативии назди роҳбарияти вазорат ба роҳ мондааст. Давоми 9 моҳи соли равон тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро зимни гузаронидани 237 адад чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ки 32-тои он бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидааст, таъмин намудаанд.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти фаъолияти ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, аз тарафи шуъбачаи мубориза ба муқобили амнияти иттилоотии ШКҶ Раёсат сомонаҳои иҷтимоӣ таҳти назорат қарор дода шуданд. Дар натиҷа 33 адад ҷиноятҳои тавассути сомонаҳои интернетӣ содиршуда (кибернетикӣ) ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои дар сомонаҳои иҷтимоӣ тамошо кардани барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро ва маъқул (лайк) гузоштан ё паҳн (поделится) намудани онҳо чораандешӣ карда, 4 нафар, аз ҷумла як нафар зан муайян карда шудааст.
Нисбати онҳо барои барангехтани кинаву адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз 5 то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ гардидааст. Инчунин, 8 адад қонуншиканиҳои бо истифода аз сомонаҳои иҷтимоӣ паҳншуда ошкор гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ошкор кардани ҷиноятҳои вазнин
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахт дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 2843 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 98 адад ё 3,5 % зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои афзоиш ёфтани шумораи ҷиноятҳо — ин аз як тараф беҳтар гардидани интизоми қайду баҳисобгирӣ ва аз тарафи дигар пурзӯр гардидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо мебошад.
Дар ин муддат дар шаҳр 514 ҷиноят нокушода мондааст, ки барои ошкоркунии онҳо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Дар самти кофтукови ҷиноӣ 2331 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 290 адад ё 14,2% бештар буда, ошкоркунии онҳо 82,4%-ро ташкил медиҳад.
Содиршавии ҷиноятҳои вазнин нисбати соли гузашта 24,4% афзоиш ёфта (аз 642 ба 799), ошкоркунии онҳо 83,3 %-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои огоҳию пешгирикунанда содиршавии ҷиноятҳои хавфи бештари ҷамъиятидошта, аз ҷумла одамкушӣ 33,3% (аз 12 ба 8), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 20,8 % (24/19) ва таҷовуз ба номус 33,3% (3/2) коҳиш ёфтааст.
Ошкоркунии ҷиноятҳои куштор ва таҷовуз ба номус 100 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷиноятҳои махсусан вазнини содиршуда танҳо 1-то қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 3 роҳзанӣ боқӣ мондаанд, ки бо онҳо коркардҳои оперативӣ идома дорад.
Дар ин давраи ҳисоботӣ 240 (2021-238) ҷинояти солҳои пешин ошкор карда шудааст, ки нисбатан 2 адад ё 0,8% бештар аст.
Аз ҷиноятҳои солҳои пеш 1 роҳзанӣ, 5 ғоратгарӣ, 66 дуздӣ, 61 қаллобӣ, 35 авбошӣ, 11 ҷинояти марбут ба воситаҳои нашъадор ва 54-то дигар ҷиноятҳо ошкор карда шудааст.
Ҷинояткорон дастгир шуданд
Ҳамагӣ 1608 нафар дар кофтуков қарор доштаанд, ки дар натиҷаи фаъолияти оператавӣ — ҷустуҷӯии мақомоти милитсия аз ин теъдод 538 нафар дастгир карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 54 нафар зиёд мебошад.
Дастгиркунии ҷинояткорон 33,5%-ро ташкил дода, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳама баланд мебошад. Дар ин муддат аз 27 (2021 — 30) ҷасади шахсияташон номаълум ёфтшуда шахсияти 24 ҷасад муайян карда шуда, барои муайян намудани ҷасади 3 шахсияти дигар корҳо идома доранд. Аз солҳои пешин 70 ҷасади шахсияташ номаълум боқӣ мондааст.
Ҷинояти ноболиғон коҳиш ёфтааст
Дар ин давра дар пойтахт аз ҷониби ҳамаи сохторҳо 434 кг 228 гр воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 335 кг 964 гр зиёд аст. Аз ин миқдор 158 кг 222 грамми онро кормандони милитсияи пойтахт мусодира кардаанд.
Мақомоти милитсияи Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон низ фаъолияти пайваставу муассир дорад. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои огоҳию пешгирикунанда сатҳи содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Чунончи, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 94 ҷиноят содир шудааст, ки нисбатан 42 адад ё 30,8% коҳиш ёфтааст. Дар давраи 9 моҳи соли равон таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошии ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард равона гардидаааст.
Дар натиҷа сатҳи содиршавии ҷиноятҳои авбошии ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард 33,3 % (аз 3 ба 2) коҳиш ёфта, ҷиноятҳои гуруҳии ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард ба қайд гирифта нашудааст. Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон низ коҳиш ёфта, 639 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 143 адад ё 18,2 % камтар мебошад.
Аз тартиботи ҷамъиятӣ то таъмини бехатарии ҳаракат
Нозирони минтақавӣ 524 ҷиноят ошкор кардаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 30 адад ё 6% бештар мебошад. Аз ҷониби нозирони минтақавӣ 44 нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯ буда дастгир гардидаанд. Дар ин муддат 28190 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор карда ва протокол тартиб дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 9488 адад ё 50,7 % бештар мебошад.
Содиршавии ҷиноят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 11,7%, дар кӯчаҳо 76,6% ва аз ҷониби пеш судшудагон зиёда аз 56,2% коҳиш ёфтааст.
Содиршавии садамаҳои нақлиётӣ нисбати соли гузашта 5 адад ё 3% афзоиш ёфтааст. Шумораи ҳалокшудагон бар асари садамаҳои нақлиётӣ 32 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбатан 8 нафар ё 33,3% зиёдтар мебошад. Шумораи маҷруҳон 178 нафарро ташкил дода, нисбатан 8 нафар ё 4,7 % бештар мебошад.
Дар шаҳр 7 садамаи нақлиётӣ, ки ронандагон аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо кушода шудаанд.
Инчунин, 24 ҷинояти рабудани воситаҳои нақлиёт ва 3 ҷинояти дуздии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуда, ин ҷиноятҳо ба пуррагӣ кушода шудаанд.
Дар ин муддат 123 801 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардида, протокол тартиб дода шудааст.
Ба ҷойи хулоса
Аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ки ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва оромии ҷомеа ба савганди худ содиқ монда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Иди касбӣ муборак, милитсияи тоҷик!
Бароталӣ ҲАМИДЗОДА,
генерал-майори милитсия, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ