Вазорати маориф

Имтиҳони директорон. Оё онҳо 400 калимаи англисиву русӣ медонанд?

9-уми ноябр дар Тоҷикистон санҷиш ё аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Санҷиши мазкур бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм то 30-юми декабр гузаронида мешавад.

Санҷиши мазкур ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати касбӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад.

“Аттестатсия аз ҷониби 9 гуруҳи босалоҳият зери роҳбарии вазири маориф, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм баргузор мегардад. Инчунин, тибқи фармоиш сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадор шудаанд, ки тавсияномаҳои аттестатсияшавандагонро таҳия ва то баргузории аттестатсия ба комиссия пешниҳод намоянд”,- гуфта мешавад дар ин хабар.

Бояд гуфт, комиссияи аттестатсионӣ вазифадор шудааст, ки аттестатсияро бо риояи талаботи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, аз натиҷааш протокол ва ҳисобот омода намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Донистани 400 калима бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм омода шудаанд, яке аз шартҳои аттестатсия мебошад.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки зимни санҷиш дар мавриди ихтисоси доштаи директор, фанҳои ҳуқуқу таърих ва дигар саволҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ва кор бо кӯдакон рабт дорад, пурсида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *