Рузи амният

Иди касбии кормандони мақомоти амният ботантана таҷлил гардид (аксҳо)

Имрӯз, 28 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғоз Сарвари давлат ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба муносибати иди касбӣ табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои муҳимму пурмасъули ҳифзу таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно кард.

Таъкид карда шуд, ки оғози фаъолияти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таъиноти махсуси татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба давраи ниҳоят ҳассосу душвори солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар шароити бениҳоят вазнину печидаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва мушкилоти молиявию иқтисодӣ барқарор гардида, таҳким бахшида шудааст.

Маҳз дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар амалиётҳои зиёди ҷангӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ ба муқобили дастаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, марзшиканӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик фаъолона иштирок намудаанд.

Ба таъқиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти имрӯза бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар давраи бисёр мураккаби муносибатҳои геополитикӣ, шиддат гирифтани мухолифату низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар ҷаҳони муосир баргузор мегардад. Вусъати бесобиқа касб кардани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ, дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи сайёра омили таҳдиди ҷиддӣ ба суботу оромии кишварҳои сайёра мубаддал гардидааст.

Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва биологӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва терроризми киберӣ ҳамчун таҳдидҳои нав, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини бо онҳо вобаста ба таъмини амнияти байналмилалӣ таъсири манфии ҷиддӣ ворид кардаанд.

Дар чунин шароит таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти амният бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошанд, раванду ҳодисаҳои минтақа ва ҷаҳонро мунтазам омӯзанд, таҳлил кунанд ва барои пешгирӣ кардани нақшаҳое, ки ба халалдор сохтани амнияти давлату ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум равона шудаанд, тадбирҳои қонунӣ, зарурӣ ва фаврӣ андешанд.

Дар охири ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон барномаи консертии ҷашнӣ баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *