соли нав

Вахш: Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони интернат

Ба тарбиятгирандагони Муассиса-интернати ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Туҳфа аз сарулибоси мактабӣ, пояфзол, кӯлоҳ, либоси зимистона, халтачаҳои солинавӣ иборат будааст.

Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ амалӣ карда шудааст. Ба тарбиятгирандагони муассисаи мавриди назар туҳфаҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои хонандагони ин муассиса дастархони идона ороста шуд.

Бояд гуфт, ки дар Муассиса-интернати ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш 280 кӯдак ба таълим ва тарбия фарогирифта шудаанд. Барои онҳо шароити хуб фароҳам шудааст ва зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кашвар қарор доранд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати маориф дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *