Хушвахтзода

Туҳфаи солинавии Хушвахтзода ба афсарону сарбозон (аудио)

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва раёсати Донишгоҳи миллӣ ба қисми низомии 5453-и қӯшунҳои дохилии ВКД дар остонаи соли нави мелодӣ барои сарбозону афсарон миқдори муайяни хӯрокворӣ ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки туҳфаҳо аз ҷониби муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Нуралӣ Собирзода ба масъулин супорида шудаанд. Ҳамзамон, ҳайат бо шароити қисми ҳарбӣ шинос шудаанд.

Беҳтарин дастовези Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои сарбозон дастагули мусиқиву фарҳангӣ гуфта мешавад. Инчунин, бино ба хабарҳо, рӯзҳои наздик аз ҷониби донишгоҳ ба яке аз ятимхонаҳо низ чунин кумак расонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *