буз

Ошкоршавии дуздии 101 сар чорво дар Қубодиён (аудио)

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён марди 70-сола муроҷиат карда, гуфтааст, ки 16-уми декабри соли 2022 аз бошишгоҳи муваққатиаш 101 сар чорвои майдаи шохдор гум шудааст.

Баъди воридшавии ариза ва дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён марди 29-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда мешавад.

Феълан аз рӯйи ин қазия тафтишот идома дорад. Зарари расонидашуда аз ҷинояти дуздӣ 98 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *