раиси Исфара

Исфара: Кӯчае ба номи шаҳиди муноқишаи марзӣ гузошта мешавад (аудио)

Мутобиқи қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 11-и шаҳр ба номи шаҳиди муноқишаҳои марзӣ, корманди ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара Ҳодихон Султонов гузошта мешавад.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Исфара, зимни боздиди оилаи мавсуф шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода нусхаи қарори мазкурро ба волидайни Ҳодихон супорида, бори дигар аз шуҷоату мардонагии ӯ ёдовар гаштааст.

Ӯ зикр намудааст: “Ҳодихон Султонов баҳри ҳимояи Ватан ва муқаддасоти он ҷони худро дареғ надошта, сина сипар намудааст, ки шаҳодат аз мактаби олии ватанхоҳиву меҳанпарастиро дорад. Ҷойгоҳи ин фарзанди азизи диёр дар лавҳи хотираҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *