Бобоҷон Меҳтоҷиён

Боздошти ҳамлавар ба корманди “Тоҷикфилм” (аудио)

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти ноболиғе хабар дод, ки филмбардори тоҷик Бобоҷон Муҳтоҷиёнро беасос латукӯб кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд,  ҳодиса  15-уми декабр, тақрибан соатҳои 19:40, дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба рух додааст.

“Гумонбаршаванда бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст”, — гуфта мешавад дар иттилоия.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз гумонбар ноболиғи 17-сола Р.В., сокини кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ном бурдааст, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ айбдор мешавад.

“Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, — гуфтааст ин ниҳод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *