Рустами Сарбандӣ

Хуршеди Шокир ба Рустами Сарбандӣ сурб дод?

Овоза:

— Ман мухлиси сарояндаи хушовоз Рустами Сарбандӣ ҳастам. Вақтҳои охир яку якбора аз саҳнаи ҳунар ғайб задани Рустами Сарбандӣ боиси овозаву гапи зиёд шудааст. Аз ҷумла миёни мардум овозае паҳн шудааст, ки гӯё сарояндаи дигари маъруфамон Хуршеди Шокир ба Рустам сурб хӯронидааст, то ки ба узвҳои садобарории ин ҳунарманд зарар расида, дигар суруд хонда натавонад. Хоҳишмандам, то кадом андоза ҳақиқат доштани ин овозаро барои мо равшан намоед.

МУРОД

Ҳақиқат:

— Ҳунарманди маъруфи тоҷик Хуршед Шокир чанд рӯз қабл дар як мусоҳибааш асрори душманӣ ва гӯё аз рашку ҳасад ба Рустами Сарбандӣ сурб доданашро шарҳ дод. Хуршеди Шокир мегӯяд, ки овозаҳо дар бораи он ки вай қасдан ба Рустам сурб додааст, то ки дигар дар саҳна ҳунарнамоӣ карда натавонад, ягон асос надоранд. Ба зикри ин сарояндаи машҳур, дар нест шудани садои овозхон Рустами Сарбандӣ ӯ гуноҳ надорад ва рақобати эҷодӣ низ ба ин масъала ягон рабт надорад. 

Ин овозхони шинохтаи тоҷик шарҳ дод, ки ҳанӯз солҳои 2004-2005 Рустам ба Дубай сафарҳои зиёде дошт ва ҳар боре, ки ба ин макон мерафт, аз сабаби гарм будани ҳаво бештар оби хунук менӯшид. Ин буд, ки садояш якбора ғафс ва оҳиста — оҳиста тамоман нест шуд.

“Ба ман ҳам доим мегӯянд, ки ту ба Рустам сурб додаӣ, аммо, ман магар девонаам? Охир, ман акааш мешавам. Рустамро “братишка” мегуфтам, якҷоя зиёд кор кардем. Дар бахши фарҳанги шаҳри Сарбанд фаъолият доштем. Ҳозир писараш ҳамроҳамон кор мекунад”,- гуфт ин ҳунарманди машҳур.

Дар посух ба саволи Рустам ҳоло куҷост ва ба чӣ корҳо банд аст, сароянда гуфт, ки рафиқаш дар Федератсияи Русия аст ва санъаташро давом дода истодааст. Акнун Рустам ҳамчун навозанда бо сарояндаҳо ба базму хурсандиҳо меравад…

Сипас, Хуршеди Шокир пардохт ба тавсифи маҳорати Рустам, ки аккордеонро хуб менавозад, аммо дигар садои хуб надорад ва бо хондани як суруд овозаш мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Маҳмадов, маъруф ба Рустами Сарбандӣ, ки солҳо дар Қасри фарҳанг ва ҳунари шаҳри Сарбанд кор мекард, чанд сол боз рӯи саҳна нест. Ӯ қариб 50 сол дошта, аз овозхонони саршиноси тоҷик маҳсуб меёбад ва дар бештари тӯю хурсандии сокинони Тоҷикистон ширкат мекард.

Таронаҳои «Эй сарвиноз», «Дар таҳаки бед», «Тарки ёрӣ», «Тоҷикистон» ва чандин таронаи дигари Рустами Сарбандӣ аз сӯи мухлисон гарм пазируфта шудаанд. Ӯ панҷ фарзанд дорад ва аз ин миён танҳо як писараш касби падарро интихоб кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *