Дар шумораи №50-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро зери унвони “Хона нахарӣ, баромада меравам”, “Аз дасти моиндари шавҳарам рӯз надорам”, “Шапалоқи бахтсӯз” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа аз овоза то ҳақиқати “Хуршеди Шокир ба Рустами Сарбандӣ сурб дод?”-ро мутолиа намоед.

“Барои шавҳарам симчӯби оҳанӣ будам” қиссаи занест, ки бо вуҷуди шавҳар кардан то ҳанӯз ошиқи хаёлии нафари дигар аст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ ҷавобҳои мухтасар дарҷ гардидаанд. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “ногуфтаҳо”-и Зиёвиддин то “Сарнавишт”-и Leo” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Чеҳра” зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Абдулмуъмин Шарифӣ пешниҳоди мухлисон мегардад.

Таҳти рубрикаи “Солимӣ” оид ба бемориҳои зимистонаи занона маводи тиббиро мутолиа намоед.

Қиссаи “Фоҷиаи Юсуф ва Зулайхо”, ки дар саҳифаи 11-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди хеле бадрашк буданаш оқибат шавҳарашро ҷияни худаш соҳиб мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *