Дар шаҳри Кӯлоб ҳам арчаи солинавӣ насб карданд

Дар шаҳри Кӯлоб ҳам арчаи солинавӣ бо баландии 16 метр ва паҳноии шаш метр насб карда шудааст. Ин арча бо баландӣ, паҳноӣ ва зебоӣ аз арчаҳои қаблӣ фарқ дорад.

Ғаффорзода Давлатҷон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар насби арчаи солинавӣ саҳми соҳибкорон зиёд аст. Ӯ мегӯяд, ки арча дар назди Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб насб шуда, бо чароғакҳои рангаи гуногун оироиш ёфтааст. “Бо фарқ аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб арчаи зинда насб кардаанд”,- афзуд вай.

Юсуф, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки таърихи шаҳри Кӯлоб ин гуна арчаи баланд ва зеборо ёд надорад. “Ҳам зебоӣ, ҳам баландӣ ва ҳам ороишот дар сатҳи баланд аст”,- афзуд вай.

Масъулини мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб барои боз ҳам зебо гаштани атрофи арчаи солинавӣ панҷ арчаи бузург ва 25 арчаи нисбатан хурдро ороиш додаанд. Атрофи арчаи солинавӣ бошад, майдончаи афсонавӣ барои бозии кӯдакон ташкил карда мешавад.

Шаҳри Кӯлоб бо ҷамъияти зиёда аз 224-ҳазорнафара ҷашну идҳои миллӣ ва соли нави мелодиро дар сатҳи баланд истиқбол мекунад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *