Рейтинг — 2022. Чеҳраҳои солро интихоб намоед!

Интихоби Раиси сол, Вазири сол, Соҳибкори сол, Бонкири сол, Сарояндаи сол, Блогери сол, Адиби сол, Ректори сол, Ҳунарманди сол дар Pressa.tj оғоз ёфт.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шуданд.

Моҳи ноябри имсол ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни 800 респондент пурсиш гузаронд, ки дар натиҷа аз ҳар номинатсия даҳнафарӣ ашхоси муваффақ дониста шуданд. Ҳоло шумо, шаҳрвандони кишвар бо роҳи овоздиҳӣ метавонед аз ҳар номинатсия як нафарро интихоб кунед ва ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед.

 Шахсоне, ки аз ҳар номинатсия (аз ҳар номинатсия 1 — нафарӣ) аз ҳама зиёд овоз мегиранд, чеҳраи сол шинохта мешаванд. Овоздиҳӣ аз 14 то 30-юми декабри соли 2022 идома меёбад.

Аз як IP ҳуқуқи дар ҳар номинатсия ба тарафдории як нафар овоз додан доред.

Ғолиб ҳамоне дониста мешавад, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз мегирад. Чеҳраҳое, ки соли гузашта рейтингашон муайян ва соҳиби дипломи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj гардиданд, имсол ба рӯйхат ворид карда нашуданд. Ғолибон баргузидагони мардуманд ва бо Дипломи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мукофотонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *