Идибек дар Русия гум шуд? Ӯро куштанд ё …..

Наздикони Идибек Ҳаётов, сокини 38-солаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ду сол қабл дар Русия бедарак шуд, барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд.

Маҳмадсаид Ҳаётов, бародари Идибек дар як навори видео дар суҳбат бо Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, бародараш, соҳии 3 фарзанд буда, дар ноҳияи Визаи шаҳри Екатеринбург бо мошиншӯйӣ машғул буд. Ӯ аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш дорад, барои пайдо кардани бародараш кумаки худро дареғ надоранд: “Пеш аз гум шудан бо бародари ҳамсараш дар шаҳри Екатеренбург кор мекард. Бори охир соли 2014 ӯро дар яке аз бозорҳои шаҳри Екатеренбург дидаанд. Гуфтааст, ки нияти ба Ватан баргаштанро дорад. Мо бо чандин дӯстон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, муроҷиат кардем, вале касе ӯро надидааст”. Маҳмадсаид Ҳаётов аз онҳое ки дар бораи бародараш чизе медонанд ё ӯро ҷойе дидаанд, хоҳиш дорад бо шумораҳои 8 (495) 506-45-83, (926)427-73-09 ва 8 (909) 636-00-05 тамос бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *