Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ

Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамоиши идонаи хабарнигорони варзишии кишварро дар  Меҳмонхонаи истироҳатӣ-табобатии “Сароб”-и Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” баргузор намуд.

Зиёда аз 30 нафар хабарнигори варзиширо, ки васоити ахбори давлатию озод ва хусусиро намоянда буданд, котиби генералии  КМОТ Маҳмадшоҳ Абдуллоев, директори  КМОТ Эркин Латифов, муовини Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Саидов бо иди касбиашон табрик гуфтанд. Сухангӯйи КМОТ Умаралӣ Сафаров мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши санаи мазкур иттилоъ дод.

Ҳозирини ҳамоиш огоҳтар шуданд, ки  таъсиси Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ аз санаи таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS), ки 2 июли соли 1924 мебошад, пайдо шудааст.  Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 160 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои AIPS  мебошанд.

Тоҷикистонро  АИПС дар мисоли  Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ки 25 январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74-уми  АИПС дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти худ пазируфтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *