Идигул Қосимзода: Мардҳо ирода надоранд
Имрӯз Идигул Қосимзода раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш гуфт, ки ӯ мухолифи қонунӣ шудани дузангӣ дар Тоҷикистон аст.
Хонум Қосимзода гуфт, мардҳо имрӯз иродаи қавӣ надоранд ва наметавонанд бо ду зан созиш кунанд. «Вақте ба ман вобаста ба дузанагӣ муроҷиат мекунанд, ағлаби мардҳо имкони таъмин намудани оилаи дуюмро надоранд, ва онҳое ҳам ки ин имкониятро доранд, қодир нестанд, ки сулҳу осоишро миёни оилаҳояшон нигоҳ доранд.»
Манбаъ мегӯяд дузанагӣ ҳамеша будааст, аммо қонунӣ шудани он дар ҷомеаи демократӣ ғайриимкон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ