Отамбоев барои медали тиллои олимпӣ 104 ҳазор доллар ваъда кардааст
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев зимни вохӯрӣ дар арафаи сафари олимпичиёни кишвараш ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро гуфтааст, ки ҳар варзишгари медали тилло гирифтаро бо 104 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад дод.
Аз Қирғизистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио де Жанейро, ки аз 5 то21 августи соли 2016 баргузор мешаванд — 19 нафар ба саҳнаи рақобату зӯрозмоии варзишӣ мебароянд. Атамбоев гуфтааст, ки барандаи медали нуқра 74 ҳазор доллар ва барандаи медали биринҷӣ 52 ҳазор доллар ҷоиза мегирад.
Вай гуфтааст, ки “муҳим бузург ё хурдии кишвар нест. Масалан, кишвари Исландия бо 300 ҳазор нафар аҳолии худ дар бозиҳои Чемпионати Аврупо ба дастаи Англия пирӯз шуд”.
Эмоми Назариён
Шарҳ