Идомаи тағироти кадрӣ
Имрӯз, 24 январ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба визифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардид.
Бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дигари кадрӣ дар баъзе раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” амалӣ карда шуд.
Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Худоёрзода Худоёр Бахтиёр аз вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин гардид.
Ҷумъазода Маҳмуд аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Холиқзода Ҷонибек аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Абдуллозода Алишер Ҳамид аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъин карда шуд.
Собирзода Нуралӣ Миралӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ