Ифротгароии ҷавонони ОМ

    Айб дар иқтисодиёт, идеология ё тарғибот?

 Терроризму экстремизм ё худ ифротгароӣ, хатари исломи радикалӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қисмати зиёди аҳолиаш мусалмон аст, олимон мутахассисон ва ҳукуматдоронро ба таҳлука андохтааст. Таъсири Афғонистон ва гурӯҳҳои тундгарои амалкунанда дар қаламрави ин кишвари ҷангзада, аз як тараф бошад, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳизбуттаҳрир барин гурӯҳҳои фаъолияткунанда дар минтақа ва пайдоиши ДИИШ барин як қувваи абарқудрат ва таъсири ҷиддии он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, паҳлуи дигари эсоси ин хатар аст.

Ҳамасола аз мамолики Осиёи Марказӣ, садҳо нафар ба доми ифротгароён даромада, ба гӯрӯҳҳои тундгаро мепайвананданд, ки аксари куллашон ҷавонон мебошанд.  Чаро ҷавонони Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои терористӣ мепайванданд?  Чӣ сабаб шудааст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд пеши роҳи ҷавононро гиранд?

Ба ағлаби ин суолҳо санаи 8 августи соли ҷорӣ дар конфронси байналмиллалии «Ифротгароии ҷавонон — омили хатар дар Осиёи Миёна» коршиносони минтақа ҷавоб гуфтанд.

Патриатизми қазоқӣ

Дар ин конфронс профессор Акбота Жолдасбекова, декани факултети равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии АвруОсиёи Қазоқистон, дар баромадаш оид ба пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф суханронӣ карда, дар мисоли Қазоқистон, пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоиро дар набудани дастгоҳи тарғиботӣ дар ватанаш хонд.

Доктор Жолдасбекова мегӯяд, ки дар Қазоқистон бо вуҷуди мушоҳида шудани баъзе «ташвишҳо» ба маънои томаш миёни ҷавонон вожаи «патриотизм» вуҷуд надорад: «Имрӯз дар Қазоқистон як шикофии бисёр бузург мавҷуд аст, ки он ҳам ном дорад – патриотизм». Ба ақидаи ӯ сабаби ин ба омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сахт вобастагӣ дорад. Набудани шароити мусоиди зист дар Қазоқистон ва бекории ҷавонон омили ба сафи ДИИШ пайвастани ҷавонони қазоқ аст, мегӯяд ӯ:

«Шумо тасаввур кунед, дар Қазоқистон, дар давлате ки ба бузургии масоҳат дар ҷойи 9-ум меистад, ҷавон бе ҷойи кор бошад, магар ин боиси дилмондагии ӯ намешавад? Баъдан, ман мушкилоти шуморо намедонам, аммо дар таҷрибаи Қазоқистон метавонам, гуфт, ки дар мо дастгоҳи идеологӣ тамоман фаъол нест. Ҷавонони қазоқ ба кадом самт равонаанд, ин ҳам номаълум».

Дар идомаи суханаш Жолдасбекова мегӯяд, ки барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ дар Қазоқистон, аввал қувваи зеҳнии ҷавонон бояд боло бурда шавад ва барои ин дастгоҳи идеологӣ бояд фаъол бошад.

Айни ҳол зиёда аз 400 нафар қазоқ дар сафи ДИИШ аст.

ДИИШ муҳоҷирати қирғизӣ

Дар Қирғизистон бошад, баръакс тарғиботҳои зиддиэкстремистӣ ҷоннок шудааст, аммо шароити иқтисодӣ боис мешавад, ки ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундагро пайванданд. Коршинос ва журналисти қирғиз Эрлан Сатибеков мегӯяд, ки дар Қирғизистон пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоӣ як намуди муҳоҷират шудааст, ки аз он ҷо метавонанд пул дарёфт намоянд. «Чунин шудааст, ки дигар барои бархеҳо фарқ надорад, ки куҷо маблағкоркунӣ мераванд: Русия ё ДИИШ. Ҳатто бархе аз хонаводаҳо пурра ба сафи ДИИШ мепайванданд ва пайвандонашонро низ бо худ мебаранд, ва ҳатто миёни онҳо аз кӯдакон то бибии 82-сола ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст».

Аммо тарғиботи давлатӣ бар зидди ДИИШ бисёр ҷиддӣ аст, мегӯяд ӯ. Ба гуфти вай аз ҷониби ВКД Қирғизистон зиёда аз 500 буклет, таҳти унвони «Ислом бар зидди терроризм» нашр гардид, аммо теъдоди равандагон меафзояд.

Ҳамчунин номбурда қайд кард, ки ифротгароии ҷавонони қирғиз натанҳо аз ҷониби ДИИШ, балки аз ҷониби гурӯҳҳои дигари иртиҷоӣ низ суръат мегирад, ки Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳизбуттаҳрир низ истисно буда наметавонад, аммо бо вуҷуди ин ҳам таъсири гирифтор шудани онҳо ба ДИИШ бешатар аст. Имрӯз бинобар омори расмӣ зиёда аз 500 қирғиз дар сафи ДИИШ меҷангад.

Экстримизм дар Тоҷикистон: муллоҳои бесавод, муҳоҷират ё Интернет

Агар  мушкилоти набудани дастгоҳи тарғиботӣ дар Қазоқистон ва шароити номусоиди иқтисодии Қирғизистон сабаби фирефта шудани ҷавонони қирғиз ба сафи ДИИШ буд, пас аз ин мушкилҳо дар Тоҷикистон ҳар ду якҷоя ҷой дорад.

Пеш аз он ки ба мақсад наздик бишавем, ин ҷо метавон сухани рӯзноманигор ва коршинос Зулфиқор Исмоилиёнро мисол овард, ки ӯ мегӯяд: «Боиси ҳамаи ифротгароӣ – нобаробарии иҷтимоӣ аст».

Коршиноси масоили минтақавӣ Қосими Бекмуҳаммад  нақши интернетро дар рушди ифротгароӣ миёни ҷавон бориз арзёбӣ мекунад:  «Имрӯз интернет барои таъсир расонидан ба афкори умум нақши бориз дорад, аз ҷумла дар масоили мазҳабӣ сомонаҳои интернетӣ хело фаъол ҳастанд ва дар тарғиби ғояҳои экстремистона низ пешгом мебошанд.»

Ба гуфти Қосими Бекмуҳаммад, айни ҳол қариб 10 000 сомонаи интернетӣ мавҷуд аст, ки ба тарғибу ташфиқи ғояҳои радикалӣ машғул мебошад, ҳамчунин саҳифаи инфиродӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, ки ба қавле машғули шустани мағзҳо мебошанд. Ҷавонони тоҷик аз «қаҳрамонӣ»-ҳои ҷиҳодиён, аз «корнома»-ҳои онҳо маҳз аз интернет маълумот мегиранд.

Ҳамчунин,  ба гуфти ӯ бо сабаби мамнӯъ шудани рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид ва қатъи амри маъруфи муфид дар масоҷид, ҷавонон маҷбуранд барои дарёфти суолҳои худ ба интернет муроҷиат кунанд. Бо ҳамин сабаб,  дар сомонаҳои иҷтимоӣ метавонанд осонакак ба доми фиреби салафиҳо, ваҳҳобиҳо ва ё намояндагони «Давлати исломӣ» афтанд.

«Магар шунидаед, ки ягон нафар аз рӯҳонии тоҷик дар интеренет саҳифа дошта бошад, ки ба суоли мардум посухи саҳеҳ гӯяд? Не! Ҷуз Абдуллоҳи Муҳаққиқ, ки дар мубориза бо салафиён дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.»

Ҳамчунин, ба гуфти Бекмуҳаммад, муҳоҷирати меҳнатӣ ва доираи танги муоширати муҳоҷирони корӣ боиси ифротгаро шудани онҳо мегардад. Ағлаби муҳоҷирони тоҷик метавонанд бе мушкил салафӣ шаванд, мегӯяд ӯ.

«Ташвишовар аст, ки муллоҳои мо саводи казоӣ надоранд ва аз авзои ҷаҳони муосир бохабар нестанд. Онҳо дини исломро бо равандҳои муосири ҷаҳон муқоиса карда, наметавонанд таҳлил кунанд. Имомҳо ба оддитарин суоли муридонашон доир ба коррупсия ва нобаробариҳои иҷтимоӣ посух гуфта наметавонанд, пас мардум маҷбур мешавад, ки ба интеренет муроҷиат намоянд, — мегӯяд ҷаноби Бекмуҳаммад.

Ӯ пешниҳод мекунад, ки имомҳо дар намозҳои ҷумъа дар мавриди ҷангҳои Сурия ДИИШ, ки яке аз хатарҳои ҷиддӣ номида мешавад, мавъизаҳо кунанд.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ коршиноси масоили мазҳабӣ ва яке аз мухолифони ҷиддии салафия дар Тоҷикистон, ки ба наздикӣ профессори фахрии донишгоҳи Пекин шуд, мегӯяд, ки бар зидди ифротгароён дар ягон давлати Осиёи Марказӣ дастгоҳи тарғиботӣ вуҷуд надорад. Дар тамоми Осиёи Миёна касе наметавонад ба тафоҳумҳои экстремистон посух диҳад. Ин нуктаро Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дину давлат низ, гуфт, ки ба силсилабарномаи «Висоли ҳақ», ки тӯли чанд муддат пахш шуд, ягон рӯҳонии  тоҷик натавонист сарбасар шавад, ба истиснои Мулло Маъруф — имомхатиби масҷиди Сари Осиё, ки ин хеле хатарнок аст.

Дар умум, дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушкилоти асосӣ набудани тарғиботи зиддиэкстремистӣ ва фаъол набудани институтҳои идеологӣ ташвишовар аст. Ин ҷо метавон аз рӯйи гуфти Абдуллоҳи Муҳаққиқ амал кард, ки мегӯяд: «Давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд муттаҳид шуда, як пружаи ҷиддии тарғиботӣ дар мубориза бар салафия  барин ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои экстримистӣ бисозанд, то  амн бошанд».

Одили Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *