Рио-2016: 45 мунтахаб сазовори медалҳои олимпӣ шудаанд

  Пас аз 5 рӯзи мусобиқот 45 дастаи иштирокчии  Бозиҳои XXXI  тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия  248 медалро ба хазинаҳои худ зам карданд.

Байни дастаҳо ҳамоно мунтахаби Иолоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯйи теъдоди ҷоизаҳои Олимпиадаи мазкур пешсаф аст. Олимпичиёни ИМА аз ҳама зиёд — 32 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 11 –тоаш тилло, 11-тоаш нуқра ва 10 медали биринҷӣ мебошад. Дар ҷойи дуюм мунтахаби Хитой бо 23 медал ( 10 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) қарор дорад. Варзишгарони Ҷопон 18 медал (6 – 1 – 11)-ро соҳиб шуда, мақоми сеюмро гирифтаанд.  Зинаҳои чорумро мунтахабҳои Австралия бо 12 медал (5 -2-5), панҷумро Венгрия бо 7 медал (5- 1 – 1) ва шашумро Русия бо 15 медал (4-7-4) касб кардаанд. Тавре мебинед, мунтахабҳои ИМА ва Хитой рӯз то рӯз аз ширкати фаъол дар мусобиқот дастовардҳояшонро бештар менамоянд.

Аз  5  кишвари Осиёи Марказӣ  фақат ба Қазоқистон (7 медал –2 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ), Ӯзбекистон (2 медали  биринҷӣ) ва Қирғизистон (1 медали  биринҷӣ) бадастории ҷоизаҳои ифтихории Олимпиадаи Рио-2016 муяссар шудааст. Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Туркманистон , ки дар ду ё се мусобиқа иштирок намудаанд, то ҳол шаҳди ғалабаро начашидаанд. Олимпичиёни Қазоқистон байни дастаҳои мунтахаби иштирокчии Рио-2016 мавқеи 11-умро ишғол карданд.

Э. НАЗАРОВ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.