Ифтитоҳи 7 корхонаи нав дар Душанбе

Субҳи 31 октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар шаҳри Душанбе  7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кориро мавриди истифода қарор дод.

Дар раванди ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Акнун ҶСК“Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯй маҳсулот истеҳсол намояд.

Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 87 корхонаи дӯзандагӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 21 корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *