Ифтитоҳи агрегати №1-и НБО «Норак»
Дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев ба истифода дода шуд. Тавоноии агрегати мазкур 375 МВт аст. Ин нерӯгоҳ аз нав таҷдиду навсозӣ шудааст.
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст. Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал се агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешаванд.
Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии нерӯгоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати нерӯгоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд.
Таъмири дарбандҳои бефи поëн ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст. Агрегати №1-и нерӯгоҳ пурра таҷдид шуда, давоми се моҳи охир дар озмоиши истифода қарор дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ