Иттиҳоди Аврупо роҳбарон ва соҳибкорзанони деҳотро дастгирӣ мекунад

Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо дастгирии Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER чорабинии махсус ва васеъмиқёси Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳоти Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон ва бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ баргузор гардид. Лоиҳа ташаббусро дар доираи Рӯзи байналмилалии занони деҳот дастгирӣ кард, ки ба нақши занони деҳот дар беҳтар намудани ободонии деҳот ва бо озуқаворӣ таъмин намудани онҳо диққати калон дод. ИА, GIZ дар якҷоягӣ бо дигар шарикони рушд, аз қабили USAID, UNDP, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ACTED ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ин ташаббусро дастгирӣ карданд.

Чорабинии дурӯза беш аз 500 нафар ширкаткунандагонро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ муттаҳид кард. Занони муваффақ аз минтақаҳои дурдаст аз таҷрибаи корӣ нақл карданд. Соҳибкорони деҳот дар намоишгоҳи вижа маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷии худ, ҳамчунин, ҳунарҳои дастии худ, маҳсулоти ордии миллӣ, қаннодӣ, чормағзу меваҳои хушк ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар доираи ҷашнвора занони деҳот инчунин дар ҷаласаҳои иттилоотию маърифатӣ бо занони соҳибкор ва коршиносони муваффақ дар самтҳои оғоз, рушди тиҷорат, рақамикунонӣ, брендинг ва таблиғи маҳсулот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат варзиданд.

Илова бар ин, Фестивал барои ҳамкорӣ бо фурӯшандагони чакана, аз қабили «Ашан», «Ёвар» ва «Пайкар» замина фароҳам овард. Намояндагони бонкҳо хизматрасонӣ ва имкониятҳои соҳибкории худро муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷа, ҷонибҳои манфиатдор дар бораи роҳҳои ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтар ба мувофиқа расиданд ва ҳамкориҳо ва нақшаҳои рушди ояндаро муайян карданд, ки мо боварӣ дорем, дар навбати аввал барои занони соҳибкори хурд манфиати калон хоҳанд дошт.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *