Азим Иброҳим академики Академияи байналмилалии нақлиётӣ шуд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳайси академики Академияи байналмилалии нақлиётӣ пазируфта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, ҳамзамон, муовини вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух Неъмат ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер бо медали фахрии Академияи байналмилалии нақлиётии ба номи Лихачев Иван Алексеевич сарафроз гардидаанд.

— Ҳамчунин, ба сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон медали фахрии ба номи Мелников Павел Петрович ва ба муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад медали фахрии ба номи Жуковский Николай Егорович дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *