Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин: Сели харобкор 5 симчӯбро чаппа кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ҳодисаи омадани сели харобкор дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хабар дод.

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омада, 5 адад симчӯби қувваи барқро чаппа кардааст.

Ҳамчунин, дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч муваққатан роҳро бастааст.

— Муддате пас бо талоши ҳукумати маҳал роҳ аз селоварду ярч пок шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид. Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *