Тоҷикон дар роҳи UFC. Самандар Муродов низ ба ин ташкилот роҳ ёфт

Самандар Муродов — размикори шинохтаи кишвар дар муҳорибаи охирини худ 23-юми октябр дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар доираи мусобиқаи Road to UFC (Роҳ суи  UFC) баргузор гардид, ба рақиби бразилиягии худ Ҷиан Сикуэйра ғолиб омад. Ин ғолибият роҳи ӯро ба ташкилоти бонуфузи UFC боз намуд ва соҳиби роҳхат ба ин ташкилот гардид.

Самандар Муродов дар муҳориба худро озод ҳис мекард ва бо маҳорати баланд ҳанӯз дар охири раунди аввал Ҷиан Сикуэйраи барзилиягиро бӯғӣ кард ва ба таслим шудан водор намуд. Ин нуҳумин рақобати Самандар Муродов буд, ки дар ҳамаи ин муҳорибаҳо ҷоми ғолибият чашид.

Самандар Муродов 23 сол дорад. Ӯ 28-уми августи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Куҳистони мо ӯро боғуруру шуҷоъ ба воя расонидааст. Самандар Муродов шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доро буда, ҳоло дар шаҳри Твери Русия зиндагӣ мекунад. Самандар фаъолиятаи кориашро аз соли 2018 оғоз кардааст. Вай дар вазни 77 кг баромад менамояд.

Самандар қаҳрамони Eagle Fighting Champijnship (EFC) дар вазни миёна мебошад, ки соли 2020 ин мусобиқотро қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагамедов таъсис додааст. Максим Шветс кӯшиш кард, ки ба фишори Самандар сахт муқобилият кунад, аммо Муродов тамоми кори аз дасташ меомадаро кард, китфаш осеб дид ва тавонист пирӯз шавад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Муродов дар муқобили размандаи рус Имом-Шапӣ Мухторов (11-0) унвони худро ҳифз мекунад.

Охирин муҳорибаи Самандар Муродов бо размикори рус Абдураҳмон Алимагомедов буд ва дар он бо қарори якдилӣ пирӯз шуд.

Самандар Муродов баъд аз Нурулло Алиев дуюмин тоҷик аст, ки ба ташкилоти бонуфузи UFC роҳ меёбад. Муин Ғафуров низ дар ин роҳ қарор дорад.

Мо мутмаинем, ки роҳбари ташкилоти UFC — бузургтарин созмони ММА дар ҷаҳон — Дана Уайт ба суханони Самандар, ки “Дана, ба ман шартнома деҳ!” гуфта буд, гӯш медиҳад.

Идибеки САИД, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *