Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии «Олами Абрешим»
Дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои наву замонавии корхонаи истеҳсолии «Олами абрешим» мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин корхонаи истеҳсолӣ 3 дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Олмон ва Белгия насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 1500 метри мураббаъ матоъи курпача ва болишт дар як шабонарӯз мебошад. Айни замон дар ин корхона 20 нафар, ки аксари онҳо занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Маҳсулоти хом ба ин коргоҳ аз корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз чумла Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ворид карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа курпача ва болиштҳои зебову хуштарҳри босифат истеҳсол мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ