Бохтар. Бозсозии варзишгоҳи Пахтакор бо 4 000000 сомонӣ

  Дар назар аст, ки варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар бозсозӣ шавад. Барои ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар ихтисоси 4 миллион сомонӣ дар нақша аст.

Саидмурод Пиров, сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо  Pressa.tj гуфт, ки варзишгоҳи Пахтакор ба талаботи Федератсияи футбол ҷавобгӯ нест. Ӯ мегӯяд,  аз ҳамин ҳисоб бозсозии варзишгоҳи мавриди назарро имсол шуруъ мекунанд.

«Утоқи либосивазкунии варзишгарон ва ҷойи нишасти тамошобинон пурра тағйир меёбад. Атрофи майдони бозӣ низ панҷарабандӣ мешавад».

 Саидмурод Пиров афзуд, ки намои берунаи варзишгоҳи Пахтакор дигар карда мешавад. Ба таъкиди вай барои ба охир расонидани корҳои азнавсозии варзишгоҳ 4 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

 Ахиран дар як ҷамъомад Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи кишвар аз ҳолати имрӯзаи варзишгоҳҳо интиқод карданд. Зоҳиран масъалаи бозсозии варзишгоҳи Пахтакор ҳам баъди ҳамин ҷамъомад дида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *