Ифтитоҳи Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” дар ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ
Имрӯз, 26 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии “Ҳилол”-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардид.
Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол, дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ