Газу бензин камчин.Таксиҳои 7-сомонӣ 10-сомонӣ шуданд

Дар натиҷаи болоравии нархи газу бензин, акнун дар Тоҷикистон камчинии сӯзишворӣ ба мушоҳида мерасад.  Феълан, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи гази моеъ ба 8 сомонӣ расида, дар нуқтаҳое, ки он арзон аст, лимит ҷорӣ шудааст. 

Илова бар ин, тайи чанд рӯзи охир сокинон аз он шиква мекунанд, ки таксиҳои “7-сомонӣ” арзиши хизматрасониашонро ба 10 сомонӣ боло бурдаанд. Ин таксиҳо, ки дар ҳудуди шаҳр мегарданд, бештар бидуни иҷозатнома кор мекунанд, вале сокинони пойтахт зиёдтар аз онҳо истифода мебаранд.  

Сокинони пойтахт менависанд, ки вақте ба ронандагон 10 сомонӣ дароз мекунанд, онҳо худро ба нодонӣ андохта, бақияро намедиҳанд.

Фурӯғ Салимшоева, як сокини пойтахт дар суҳбат бо хабарнигори Pressa.tj бо нигаронӣ гуфт, ки боло рафтани арзиши таксӣ ӯро нигарон кардааст.   

Дар аввал ин таксиҳо 3 ва баъд 5 сомонӣ буданд. Чанде пеш 7 сомонӣ  шуданд. Чанд рӯзи охир якбора нарх 3 сомонӣ зиёд шуд. Ҳар гоҳ нархи сӯзишворӣ боло барояд, албатта ин ба нархномаи нақлиёти шаҳр таъсир мерасонад, вале ҳеҷ надидем, ки бо пойин рафтани нархи газ роҳкиро низ арзон шавад”,- мегӯяд Фурӯғ Салимшоева.

Ӯ мегӯяд, ки бо сабаби хуб набудани саломатиаш аз нақлиёти серодам истифода карда наметавонад. Аз ин рӯ, маҷбур мешавад ҳар рӯз 20 сомониро барои роҳкиро сарф намояд.

Фурӯғ Салимшоева ягона сокини Душанбе нест, ки аз болоравии роҳкиро дар пойтахт шикоят мекунад. Мавҷи шикоятҳо то ба шабакаҳои иҷтимоӣ расида, аҳолӣ аз роҳбарон ва масъулин хостори бартараф намудани камбудӣ ва мушкилиҳо ҳастанд.

Журналист Шервони Умриддин низ аз ин вазъ нигаронӣ кардааст. “Во аҷабо!!! Таксиҳои ғайриқонунии 7-сомонӣ дар шаҳри Душанбе 10-сомонӣ шуд!”,- навиштааст ӯ дар “Фейсбук”.

Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои таксӣ иддао доранд, ки дар боло рафтани нарх гунаҳгор нестанд. Онҳо боло рафтани нархи маводи сӯзишворӣ ва камчин шудани он, бахусус гази моеъро барои дигарбора боло бурдани нархи роҳкирои ин навъи нақлиёти мусофиркашон далел меоранд.

Фирдавс ном ронандаи таксӣ гуфт, ки “мо ҳам мехоҳем нархҳо боло нараванд, вале чӣ илоҷ, сӯзишворӣ қиммат аст. Пули кормекардаамон гоҳе нархи сӯзишвориро намепӯшонад”.

Ин ронанда гила кард, ки муштариён танҳо фикри роҳкироро мекунанд ва ба хидмати ронанда эҳтиром намегузоранд.

“Муштариён бо кӯдакон дохили мошин медарояну доду фарёд мекунанд ва ба мо фармоиш медиҳанд, ки зудтар мошинро ронед. Мегӯянд “мо вақт надорем, ки интизори одам гирифтани ту шавем”. Он гоҳ мо маҷбур мешавем бо як ё ду мусофир гирди шаҳрро гардем”,- мегӯяд Фирдавс.

Дар ҳақиқат, нархи гази моеъ, ки дар аввали моҳи октябр 6 сомонӣ буд, дар Душанбе то ба ҳадди 8 сомонӣ расидааст ва ончунон камчин шудааст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аллакай то нимаи рӯз ҳама захираи доштаи худро фурӯхта тамом мекунанд ва ронандагон мегӯянд, ки баъзан барои пайдо кардани газ ба 4 ё 5 нуқтаи фурӯши он дар саросари пойтахт сар мезананду газ пайдо намекунанд. Нархи бензин низ ҳоло ба 12 сомонӣ наздик шудааст.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *