Маҳфили шеъри Бузургмеҳр дар Душанбе

Бузургмеҳри Баҳодур рӯзноманигор ва шоири тоҷик таҳти унвони “Ин Ватанро сохтан осон набуд” маҳфили шеъри худро 27-уми октябр соати 15:00 дар Душанбе баргузор менамояд.

Макони баргузори  Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар маҳфил иштироки сарояндагону ҳунарпешагони номвари кишвар дар назар гирифта шуда, ҳаводори шеъру тараб метавонанд ройгон дар он ширкат кунанд.

Бузургмеҳри Баҳодур шоир, рӯзноманигор, мудири шуъбаи масъалаҳои фарҳанги рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва ҳамчунин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *