Ифтитоҳи лавҳаи хотиравӣ дар деҳаи Қаратоғ

9-уми декабри соли равон дар саҳни мактаби №12-и деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба хотири гиромидошт ва зиндаёд гардонидани номи шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин деҳа, лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, муовини аввали раиси ноҳияи Шаҳринав Исроилзода Дилшод, роҳбари ҷамъияти русҳои шаҳри Турсунзода Павел Дик ва дигарон иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ, меҳмонон пардаро аз рӯйи лавҳа бардоштанд ва гулчанбари хотиравӣ гузоштанд. Пас аз суханронӣ, раиси ноҳия ва сафири Русия дар Тоҷикистон нафаронеро, ки дар ин кори хайр дасти кумаки худро расониданд, қадрдонӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки лавҳаи хотиравӣ бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон ва аҳолии деҳаи Қаратоғ сохта шудааст. Дар лавҳаи мазкур номи 572 нафар, ки аз ин деҳа ба фронт рафта буданд ва аз онҳо ҳамагӣ 378 нафар баргаштанд, навишта шудааст.

Дар охири маросим, мактаббачаҳо ва муаллимони деҳаи Қаратоғ ва талибилмон аз ду мактаби шаҳри Турсунзода барномаи фарҳангӣ баргузор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *