Гӯшти чорво ва мурғи Тоҷикистон бехатар аст

Тавре ба хабарнигори Pressa.tj аз  Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ гуфтанд,  бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар байни бештар аз 15 212 492 сар ҳайвонот ва парандаҳо чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шудаанд.

Аз ҷумла  бар зидди бемории сӯхтании  чорвои калони шохдор 1327387сар; чорвои хурди шохдор  2154623сар; аспҳо 33 076 сар; маркабҳо 59969 сар, 100 сар хукҳо, вабои сумдарди чорвои калони шохдор 450051сар, чорвои хурди шохдор 738 303 сар, сиёҳрони чорвои калони шохдор 168 172 сар, Шт-82  8535  сар, Рев-1 163035сар, гули гӯсфандону бузҳо 350255 сар, тоуни чорвои хурди шохдор 288040 сар, ҳорӣ ҳамаи намуди ҳайвонот 94056сар, бемориҳои ангалӣ 1 071 628 сар, бемориҳои пусти ҳайвонот 668265 сар, бемориҳои паранда 5 608 335 сар эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин   шудааст.

Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 11 моҳи соли 2020  дар байни  15212492 сар ҳайвоноту парранда чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронида шудааст. Аз тарафи мутахассисони Марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  нисбати 3988482 сар чорвои шартӣ бар зидди бемориҳои сироятии ҳайвонот эмгузаронӣ карда шудаааст. Дар давоми сол,  дар  ҷумҳурӣ 3 манбаи номусоиди бемории сухтанӣ, 4 — сиёҳрон, 37 -ҳорӣ, 1-зардпарвини ҳайвонот, 5 — брадзоти гӯсфандон, 2 нуқтаи номусоиди бемории пастереллёзи чорвои калон ва 8 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурди шохдор ошкор гардида, сари вақт чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии онҳо дида шудаанд. Бинобар ин, ба гуфти    сардори Раёсати назорати   байторӣ ва зотпарварӣ    Андамов, дар кишвар аз ҳисоби чорво ва мурғ ягон хел хатари гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ вуҷуд надорад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *