Ифтитоҳи маркази машваратӣ дар Бохтар
Дар шаҳри Бохтар Маркази машваратӣ ва аввалин ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ – Агро Лаб ифтитоҳ карда шуд.
Иншооти мавриди назар бо дастгирии шарикони рушд ва лоиҳаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и USAID дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Агро Олам» бунёд гардидааст.
Дар маросими ба истифода додани он Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва дигар масъулин иштирок карданд. Арзиши умумии лоиҳа 125 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Марказ аз ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи обу хок ва толори омӯзиш иборат аст.
Дар Агро Лаб, ташхисгоҳи кишоварзии муҷаҳҳази Тоҷикистон таҳлили замонавии таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳо гузаронида мешавад. Марказ бо таҷҳизоти муосири рақамӣ ҷиҳозонида шудааст ва мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд, ки дар баланд кардани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ замина хоҳанд гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ