Ифтитоҳи Маркази сайёҳӣ дар ДМТ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ ва омода кардани мутахассисони ин соҳа тадбирҳои муҳиммро роҳандозӣ менамояд.
Вобаста ба ин, бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар факултети молиявию иқтисодӣ Маркази сайёҳӣ ифтитоҳ гардид.
Дар маркази мазкур имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дастовардҳои устодону донишҷӯёни ихтисоси мазкур ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар баробари ин дар марказ корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, озмоишӣ, баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ