Хушвахтзода

ДМТ дар Тоҷикистон якум шуду дар Осиёи Марказӣ чорум

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмиллалии IAAR Eurasian Universiti Ranking-2022 оид ба сифати таҳсилот соҳиби мақоми 4-ум гардид.

Ин раддабандӣ дар Форуми VI-уми Байналмиллалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардида буд. Аз Тоҷикистон ДМТ ягона муассисаи олӣ аст, ки дар ин радабандӣ роҳ ёфт.

Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар соли 2022 ҳамчунин, ДМТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи илмиву таълимӣ дар байни 34 муассисаи олии таълимӣ мақоми аввалро касб кард.

Ин раддабандӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

ДМТ яке аз бонуфузтарин муассисаи олии ҶТ аст. Ҳоло ин донишгоҳ 14 факултет ва 125 кафедра дорад. 1334 нафар омӯзгор, аз ҷумла 12 академик, 13 узви вобастаи АМИТ, 192 доктори илм, профессор, 649 номзади илм, дотсент ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Шумораи донишҷӯёни ДМТ 22 787 нафар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *