Ифтитоҳи озмоишгоҳи замонавӣ дар институти химияи АМИТ (аксҳо)
Имрӯз, 6-уми январ дар заминаи институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи наву замонавии маводҳои ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Пас аз ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки соҳаи илми кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.
“Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд”,-таъкид дошт номбурда.
Тавре ки аз АМИТ ба Pressa.tj иттилоъ доданд, самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳ таҳияи асосҳои назариявӣ ва технологии синтези хӯлаҳои ба коррозия тобовар дар асоси алюминий, рӯҳ ва сурб барои эҳтиёҷоти технологияҳои нав, инчунин назарияи ҷавҳаронидани хӯлаҳои зикршуда барои ба коррозия тобовар кардан мебошад.
Гуфта шуд, ки кормандони озмоишгоҳ тақрибан 60 системаи сечандаро бо истифодаи алюминий, металлҳои ишқорзаминӣ ва нодирзаминӣ таҳқиқ сохтаанд.
Ҳамзамон, кормандони озмоишгоҳ зиёда аз 135 ихтироотро бо патентҳои Русия ва Тоҷикистон таҳия ва ҳимоя кардаанд, ки 20-тои онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, хӯлаи алюминий — стронсий аз рӯи патентҳои Русия №1225263, №1245612 (1988 с.), №719156 (1990 с.) дар корхонаҳои гидрометаллургии Исфара (ҳоло АО «Тамохуш») истифода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ