Ифтитоҳи толори варзишии «Мирсаид Паҳлавон” дар Истаравшан

Дар доираи сафари кории раиси шаҳри Истаравшан ба деҳоти «Чорбоғ» бо иштироки фаъолон, сокинон, варзишгарони варзида ва ҷавонону наврасони деҳоти мазкур толори варзишии гӯштини миллии камарбандӣ ба номи «Мирсаид Паҳлавон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, иншооти варзишии мазкур барои машқу тамрини варзишгарони намуди гӯштини миллии камарбандӣ пешбинӣ гардида, дар тобеияти МДМВ 2 ба номи Абдухолиқ Қодиров қарор дорад. Толори нави варзишӣ аз ҷониби соҳибкорон ва варзишгарони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамчун макони нерӯмандию солимӣ маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа равона гардидааст.

— Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани иншооти варзишӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад ва вобаста ба ин иншооти варзишии мазкур барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, тақвиятбахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки варзиши намуди гӯштини миллии камарбандӣ яке аз маъмултарин риштаҳои варзиш дар шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, аз деҳоти «Чорбоғ» даҳҳо чемпионҳои ҷаҳон ва Осиё ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба воя расидаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *