Баҳри азнавсозии боғи миллӣ дар Фархор ниҳолшинонӣ оғоз ёфт

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо назардошти тавсияҳои олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ, баҳри азнавсозии Боғи миллии ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар мавзеи Ӯртабузи ноҳияи Фархор маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Фархор, майдони умумии боғ 10 гектарро ташкил медиҳад, ки имсол бояд дар он 2300 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, бодом ва шафтолу шинонида шавад.

— Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок карда, аввалин ниҳолро шинонидаву ба мутахассисон баҳри нигоҳубини саривақтӣ ва хушк нагардидани ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид дод,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *