Наметавонӣ? Садди роҳ нашав!

Ҳафтаи гузашта барои мо ҳафтаи вазнин буд. Боз қирғизҳо аҳдшиканона ба хоки мо ҳамла карданд. Дар марз бо Қирғизистон талафоти ҷонӣ доштем ва захмиҳо ҳам зиёд гуфта мешаванд, вале дар фазои маҷозӣ баҳси дигар доғ шуд: кушодашавии ошхонаи туркӣ бо номи CZN Burak.

Ин тарабхона, ки идомаи силсилаошхонаҳои ошпази машҳури турк Бурак Оздемир аст, бо ташаббуси соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонов (Раҳими Ғармӣ) боз шудааст.

Баъзеҳо рафтанду хушҳолӣ карданд, баъзеҳо рафтаҳоро танқид карданд, баъзеҳо аз нарху навои ошхона ба ҳайрат омада, расидҳои хӯрокаҳои хӯрдаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, баъзеҳо ба худ унвони патриот дода, дар хаёлашон Буракро аз Тоҷикистон пеш карданду садҳо ошхонаи худро кушоданд…

Чаро чунин шуд?

Зеро, онҳое, ки рафтанду хушҳолӣ карданд, бовар кунед, барои ин корашон ҳақ доштанд. 1000% ҳақ доштанд!

Зеро, аксари онҳое, ки рафтаҳоро танқид карданд, бовар кунед, чӣ гуфтану чӣ навиштанашонро намедонистанд, балки танҳо “лайк”-у “коммент” мехостанд.

Зеро, аксари онҳое, ки аз нарху навои ошхона ба ҳайрат омада, расидҳои хӯрокҳои хӯрдаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, бехабар аз он ҳастанд, ки ошхонаи мазкур махсус барои элита ва пулдорҳост, на барои маошхӯрони давлатӣ бо 1000 сомонӣ.

Зеро, онҳое, ки бо хаёлбофиҳои зиёд аз худ патриот сохтанд, ба ҷуз чанд калимаи пурғалат навиштан дигар аз дасташон коре намеояд, ё меояду намекунанд.

Охир, аксари онҳое, ки ба кушодашавии ошхона зид баромаданд, фикрашонро бо он тақвият медоданд, ки марз ноором асту ин ҷо мардум дар фикри шикампуркунӣ, вале муҳтарамҳо, бовар кунед, ҷанг дар марз ва ба фаъолият оғоз кардани предмети зери танқидмонда бо ҳам тамоман наздик нестанд ва бехабар аз ҳамдигаранд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *