Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон поккорӣ мекунад

Дар Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист корҳои поккорӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои КҲф, кормандони Раёсат на танҳо утоқҳои корӣ ва ҷойҳои кориро ба тартиб овардаанд, балки партовҳои дар фасли зимистон ҷамъшударо дар маҳаллаи ҳамшафати Раёсат бардошта, баргҳои рехта, шохаҳои хушкшудаи дарахтонро бурида, гулгаштҳоро ба тартиб овардаанд.

— Чунин чорабиниҳо на танҳо ба барқарории тартибот, балки ба ташаккули муносибатҳои эътимодбахш, муттаҳидии кормандони Раёсат ва шаҳрвандон низ мусоидат мекунанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *