Мулоқоти Шараф Шерализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон Андре Карстенс мулоқот кард.

Бино ба иттилои ВКХ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар заминаҳои гуногун, натиҷаи ҷаласаҳои Гуруҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24-уми марти соли 2023) дар Душанбе, аҳамияти танзими нишастҳои навбатии абзорҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

— Ҳамзамон, татбиқи иқдомҳои муштарак ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин таъмини иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Душанбе, 6-9-уми июни соли 2022) зикр гардид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *