Тақдими шаҳодатнома ба омӯзгорони фанни фортепиано пас аз такмили ихтисос

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба 12 нафар омӯзгорони фанни фортепиано аз ҷониби ректори муассиса Достизода Миралӣ шаҳодатнома тақдим гардид.

Бино ба иттилои ин муассиса, омӯзгорон аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи К. Қурбонови шаҳри Кӯлоб, Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев” ва Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ” курси такмили ихтисосро аз рӯйи фортепиано хатм намуда, бо шаҳодатнома сарфароз шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *