Ифтитоҳи «Маркази савдои Ӯзбекистон» дар Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯзи 7 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов Маркази савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ҷараёни ифтитоҳи ин маркази нахустини савдо дар шимоли мамлакат иброз намуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо мавриди амал қарор дода шуда истодааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ рушду тавсияи ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии ин ду халқи бародар мебошад. Мутмаъин ҳастем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда такмил ёфта, барои иҷрои лоиҳаи ҷадид ҳидоят менамояд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ин иқдомро ба манфиати мардум арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд омодааст, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор аз ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд.

Баъди ифтитоҳи расмии Маркази савдои Ӯзбекистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва ҳайати меҳмонон бо молу ашёи ба фурӯш гузоштаи ин маркази савдо аз наздик шинос шуданд. Дар марказ молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, озуқа, обу нӯшока, варзишӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, заргарӣ, нассоҷӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуда буданд. Сафири Ӯзбекистон аз нархҳои дастрас ба ҳайрат омада, ба  роҳбари ин маркази савдо Аюб Фозилов дастур дод, ки ин нархҳо тағйир наёбанд, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва обрӯву эътибори кишвари Ӯзбекистон сурат гирад. Ва худи сафир аз аввалин харидор буд, ки бо нархи ҳамагӣ  75 сомонӣ курта, миёнбанд ва гарданбанд харид ва зимни мулоқот бо харидорон изҳор дошт, ки «Роҳбарияти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳавасманди рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳо миёни кишварҳояшон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ мебошанд.

Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем».

Шоқосим Шоисломов гуфт, ки «Ааз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бо ҳузури беш аз 500 нафар Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор мешаванд. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд».

Сафир изҳор дошт, ки «Ӯзбекистон ҳавасманди бештари ифтитоҳи корҳонаҳои муштарак  пеш аз ҳама дар соҳаи хоҷагии кишоварзии вилояти Суғд аст. Мо имкон дорем, ки тамоми анвои мошинолот ва истеҳсолоти хоҷагии халқро дастрас ва ё дар ин сарзамин тариқи муштарак истеҳсол намоем. Дар раванди муносибатҳои кишвари мо давраи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст ва касе ҳуқуқ надорад, ки пеши роҳи онро гирад».

Дафтари матбуоти

 Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *