Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон паёми таслият фиристод

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ирсоли як паёми таслият ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сабаби марги бародараш Нуриддин Раҳмон изҳори ҳамдардии амиқ карда, навиштааст: «Хабари марги бармаҳали бародари калониатон Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ шунидам.” Шавкат Мирзиёев даргузашти бародари Эмомалӣ Раҳмонро дар ин паёми таслият талафоти бузург номида, ба Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш сабри ҷамил хостааст.

Нуриддин Раҳмон, бародари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябр дар синни 67 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 8 октябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара дар оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дар паҳлуи мазори волидонаш ба хок супурда шуд. Мақомот гуфтанд, ки Нуриддин Раҳмон бар асари сактаи дил вафот кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *