Ихтисори кормандон дар ду вазорати Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон теъдоди кормандон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илмро ихтисор кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора қарори дахлдорро ба имзо расонидааст.
Дар асоси он, барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон минбаъд ба ҷойи 4 доштани 3 муовини вазир, аз ҷумла як ноиби аввал иҷозат дода шудааст.
Дар маҷмуъ, теъдоди умумии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ кам карда шуда, ҳадди ниҳоӣ аз 815 ба 807 оварда шудаст. Воҳидҳои кории дастгоҳи марказии ин ниҳод аз 87 ба 79 поин оварда шудаанд.
Аъзои ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 9 нафар муқаррар шудаст.
Дастгоҳи марказии Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон, ки 95 басти корӣ бе назардошти ҳайати хизматрасон дошт, акунун 88 корманд хоҳад дошт.
Муқаррар шудааст, ки 80 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 8 адад аз ҳисоби захираҳои махсуси вазорат маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ