“Осорхона”-и технологияҳои муосири рақамӣ

МегаФон Тоҷикистон идораи замонавии худро дар маркази Душанбе рақамӣ кард

Системаи таҳлили видеоӣ, ки мизоҷони доимии худро мешиносад, нархномаҳои электронӣ, touchпанелҳои интерактивӣ барои худхизматрасонӣ ва ҳатто робот-бариста – чунин аст намои кунунии идораи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар хиёбони Рӯдакӣ 57.  

Инноватсияҳои доно на танҳо барои мизоҷони оператор пешбинӣ шудаанд. Онҳо инчунин ба мизоҷони маркази коворкингии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 57 ё сокинони пойтахт, ки барои пардохти ҳисобҳои МКМ, гирифтани маблағи нақд ё дастраскунии хизматрасониҳои дигари дастраси умум ҳозир мешаванд, дастрас ҳастанд. Ҳангоми воридшавӣ ба идораи марказӣ метавон як пиёла қаҳваи тайёрнамудаи роботро нӯшид. Робот-бариста технологияи навин ва ҳоло барои Тоҷикистон нодир ба шумор меравад.

Дар кишвари мо системаи таҳлили видеоии дар идораи МегаФон насбгардида ҳоло кам мушоҳида мешавад. Таъминоти махсуси барномавӣ имкон медиҳад, ки расмҳои видеокамераҳо мавриди коркард қарор дода шуда, синну сол ва ҷинси мизоҷон муайян карда шаванд. Вобаста ба ин, дар равзанаи видеоӣ метавон эълонҳои рекламавиеро нишон дод, ки ба аудиторияи муайян ҷолиб хоҳад буд. Система инчунин мизоҷони доимиро “ба хотир гирифта”, кормандони идораро оид ба ҳозиршавии онҳо огоҳ менамояд. Ин барои менҷерони алоҳида, ки бо мизоҷони корпоративии ширкат кор мекунанд, махсусан муфид аст.

Таҳлили видеоӣ инчунин барои назорати сифати хизматрасонӣ низ лозим аст. Агар дар толор навбатпоиҳо ба амал оянд, корманди масъул огоҳӣ гирифта, фавран чораҷӯӣ мекунад. Масалан, мушовирони иловагиро даъват мекунад ё мизоҷонро тавре ба тартиб медарорад, то ки ҳама аз хизматрасонии мутахассисон қаноатманд бимонанд. Системаи нодири таҳлили видеоӣ имкон медиҳад, ки траекторияи ҳаракати мизоҷон назорат карда шуда, соатҳои фаъолнокии бештари муштариён майян карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки реҷаи кории фурӯшандагон-мушовирон ба таври самаранок ба нақша гирифта шуда, ҳангоми зарурат тарҳи толор баҳри қулай намудани он барои мизоҷон тағйир дода шавад. Ба ҳайси шарики оператор оид ба роҳандозии инноватсияҳо ширкати “Пиксел” баромад намуд.

“Мо кӯшиш мекунем чунин хизматрасониеро пешниҳод намоем, ки ба як хотираи неки муштариён мубаддал гардида, ба интихоби МегаФон Тоҷикистон ба сифати оператори худ аз ҷониби муштариён сабаб шавад. Бинобар ин, мо идораи душанбегии худро ба “осорхонаи” технологияҳои муосири рақамӣ табдил додем. Он ба ҳамаи хоҳишмандон дастрас мебошад. Инноватсияҳои рақамии бори нахуст дар идораи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 57 истифодашуда – ин қадами нав дар ташкили фазои комилан қулай ва бароҳат барои мизоҷони мо маҳсуб меёбад”, — мегӯяд роҳбари хадамоти хизматгузориҳои заминавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Нағзибек ҚУБОДОВ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *