Ихтисосҳои нав кушода шуд:«Устои коркарди пластика»…

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  ва бо иштироки роҳбарони вазорату  кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ  дар мавзӯи  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» «Соати парлумонӣ» баргузор шуд. Дар ин  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода, сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваккал Маликов  муфассал маълумот доданд.

Зимни гузоришҳо таъкид гардид, ки таҳлили иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» собит намуд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати амалисозии он тадбирҳои мушаххас амалӣ менамоянд.

Бо мақсади мутобиқ намудани низоми тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин фароҳам овардани заминаҳои моддию техникӣ ва кадрию омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Тибқи барнома, дар ин давра тайёр намудани 228 ҳазору 247 нафар мутахассисон, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 61 ҳазору  942 нафар ва тариқи шартномавӣ 166 ҳазору 305 нафар пешбинӣ карда шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд, ки дар он нишондиҳандаҳои тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ пешбинӣ карда мешаванд. Чунончӣ, барои соли таҳсили 2018-2019 ба таҳсилоти олии касбӣ 45 ҳазору 632 нафар (12 388 нафар тариқи буҷетӣ, 33 244 нафар шартномавӣ), ба таҳсилоти миёнаи касбӣ 30 ҳазору 070 нафар (13 139 нафар тариқи буҷетӣ, 16 931 шартномавӣ) ва ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ 17 ҳазору 400 нафар (13 300 нафар тариқи буҷетӣ, 4100 шартномавӣ) пешбинӣ карда шудаанд.

Вобаста ба тақозои имрӯзаи бозори меҳнат ва талаботи шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ихтисосҳои нав, ба мисли «Устои коркарди пластика», «Ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо», «Технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия», «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютер» ҷорӣ карда шудаанд.

Вале айни ҳол вазъи тайёр намудани мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» беҳбудӣ  мехоҳад. Айни замон  ба ҳисоби миёна малакаҳои на кам аз 35-40% мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набуда, дар давоми 5 соли оянда ба ҳисоби миёна ҷалб намудани на кам аз 115 ҳазор  нафар ба барномаҳои бозомӯзӣ зарур мебошад. Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ дар самти муқаррар намудани талаботи воқеии иқтисодиёт ба мутахассисон дар бозори меҳнат, ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектони таҳсилоти касбӣ ва пеш бурдани мониторинги бозори меҳнат ба тақвият ниёз дорад.

Тавсияҳои ин мақомот ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар бораи нақшаи қабули довталабон на ҳама вақт воқеӣ ва ҷавобгӯи бозори меҳнат мебошанд. Чунончӣ, соли хониши 2015-2016 мутобиқи нақша аз ҳисоби буҷети давлатӣ тайёр намудани 214 нафар ҳуқуқшиносони соҳаҳои гуногун, солҳои 2017-2018 138 нафар дар соҳаи иқтисодиёт, дар соли хониши имсола ройгон тайёр кардани 306 нафар мутахассисон, 35 нафар барои кори бонкӣ ва 103 нафар барои молия ва қарз пешбинӣ шудааст.

Талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин миқдор мутахассисон шубҳанок менамояд. Танҳо тӯли 2 соли охир зиёда аз 8000 нафар кормандон аз ҷои кори худ маҳрум гаштанд, ки аксарияти онҳо мутахассисон буданд. Фақат дар «Агроинвестбонк» зиёда аз 1500 нафар кормандон хориҷ шудаанд, ки ин 75%-и шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳад.

Тахлили вазъи таъмини кадрҳо дар соҳаи беҳдошти замин ва объёрӣ маълум намуд, ки дар соҳа бештар коргарони аз 50 то 60-сола 47% (ҳамагӣ 895 нафар) ва ҷавонон 17%-ро ташкил медиҳанд. Вале  нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2017-2018 ҳамагӣ тайёр намудани 60 нафар мутахассисони   ихтисоси «мелиоратсия ва хоҷагии об», 73 нафар  донишҷӯро бо ихтисоси «истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ»-ро пешбинӣ намудааст. Таъмини ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо мутахассисон дар ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад.

Вазъи таъмини соҳаи тандурустӣ бо мутахассисон беҳбудиро талаб менамояд. Чунончӣ, тибқи маълумоти соли 2016 дар ҷумҳурӣ 4243 ҷои холии табибон ва 2466 корманди миёнаи тиб вуҷуд дошта, дараҷанокии табибон 57,2%, кормандони миёнаи тиббӣ 44%-ро ташкил медод. Системаи тайёр кардани кадрҳо дар якчанд мактабҳои олӣ такрори якдигаранд. Имрӯз мутахассисони иқтисодиро аксаран мактабҳои олӣ тайёр мекунанд. Хуб мешуд, ки тахассуси онҳо ба эътибор гирифта шавад ва такрори якдигар нагарданд.

Иштирокчиёни «Соати парлумонӣ» ҳамчунин зимни ҷамъбаст изҳор доштанд, ки  аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» аллакай 6 сол сипарӣ гардидааст. Маълум гардид, ки вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба амалӣ намудани меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур корҳои зиёдеро анҷом додаанд, вале барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам назаррас бояд корҳоро дар ин самт беҳтар намоем. Вобаста ба ин, тавсия медиҳем, ки барномаҳои тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *